Август 21, 2018 20:45 Asia/Dushanbe
  • Путин иди Қурбонро табрик гуфт

Иди Қурбон ба накӯкориву адолат, шафқату парҳезгорӣ ва ҳурмату эҳтироми наздикону атрофиён даъват мекунад, гуфт Владимир Путин.

Ба нақл аз Sputnik, Раисҷумҳури Русия Владимир Путин мусалмонони кишварро бо иди Қурбон шодбош гуфт ва қайд кард, ки арзишҳои аслии Ислом ба муттаҳид кардани одамон мусоидат карда, ба дӯстиву рафоқат даъват мекунад.

Ба гуфтаи Путин, иди Қурбон ба накӯкориву адолат, шафқату парҳезгорӣ ва ҳурмату эҳтироми наздикону атрофиён  даъват мекунад.

"Муҳим он аст, ки имрӯзҳо арзишҳои аслии Ислом ба ҳаёти маънавии мусалмонони Русия таъсири зиёде дорад. Он одамонро муттаҳид мекунад ва ба  дӯстиву рафоқат байни намояндагони миллат, дин ва фарҳангҳои гуногун дар Русия, ки решаҳои жарфи торихӣ доранд, мусоидат мекунад", — омадааст дар табрикоти раисҷумҳур.

Иди Қурбон яке аз ду иди асосии мусалмонон аст. Онро дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи тақвими қамарӣ таҷлил карда, ид се рӯз идома меёбад. Дар соли 2018 таҷлили иди Қурбон аз 21 август шурӯъ мешавад.

 

 

 

 

Барчасп