Август 22, 2018 17:51 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Ҳузур дар Ховари Миёна, иштибоҳи бузурги Амрико дар таърих буд

Раисҷумҳури Амрико изъон кард, ин кишвар аслан набояд дар Ховари Миёна ҳузур пайдо мекард ва ин кор иштибоҳи бузурги Амрико дар тӯли таърих буд.  

Доналд Трамп афзуд, таҳаввулоти Афғонистон ва саросари Ховари Миёнаро мудовим пайгирӣ мекунад ва Амрико ба бознигарии мустамар дар парвандаҳои Афғонистон ва Ховари Миёна идома медиҳад.  

Вай пештар бо баёни инки Амрико таи ҳузури ҳабдаҳсолааш дар минтақаи Ховари Миёна, ҳафт тариллион доллар харҷ кардааст, изъон кард, ҳузури ин кишвар дар минтақа ҷуз маргу вайронӣ авоиди дигаре надоштааст.