Мувофиқати Толибон бо даъвати Русия барои Нишасти сулҳи Афғонистон
Август 23, 2018 10:31 Asia/Dushanbe
Толибон бо даъвати Русия барои ширкат дар гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон дар Маскав мувофиқат кард.
Толибон дишаб дар баёнияе эълом кард, дастикам чаҳор узви аршади ин гурӯҳ дар гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон дар Маскав ширкат мекунанд.
Дар гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон, ки қарор аст, чаҳоруми сентябри соли ҷорӣ дар Маскав баргузор шавад, намояндагони Толибон, Русия, Афғонистон, Чин, Покистон, Эрон ва Ҳинд ҳузур доранд.