Давлати Афғонистон дар нишасти сулҳи Маскав ширкат намекунад
Вазорати умури хориҷаи Афғонистон эълом кард, давлати Кобул дар нишаст сулҳи Маскав ширкат нахоҳад кард.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон гуфт, дар нишасте, ки қарор аст, дар бораи сулҳ бо Толибон дар Маскав баргузор шавад, давлати Афғонистон ширкат нахоҳад кард.
Вай афзуд, аз назари давлати Афғонистон ройзании кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо гурӯҳи Толибон дар бораи раванди сулҳ, бояд дар ҳамоҳангӣ бо Кобул анҷом гирад.
Мақомоти афғон борҳо таъкид кардаанд, ҳеҷ кишваре наметавонад ба намояндагӣ аз Афғонистон бо гурӯҳи Толибон вориди музокира шавад.
Дар гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон, ки қарор аст, чаҳоруми сентябри имсол дар Маскав баргузор шавад, намояндагони Толибон, Русия, Чин, Покистон, Эрон ва Ҳинд ҳузур доранд.
Вазорати умури хориҷаи Амрико низ эълом кард, намояндагони ин кишвар дар нишасти сулҳи Афғонистон дар Маскав, ширкат намекунанд.