Саркардаи ДИИШ паёми савтии ҷадид мунташир кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37565-Саркардаи_ДИИШ_паёми_савтии_ҷадид_мунташир_кард
Пас аз интишори ахбори баҳам зидд дар бораи кушта ва ё захмӣ шудани саркардаи ДИИШ, ҳоло ин гурӯҳи террористӣ навори савтии ҷадидеро мунташир карда ва муддаӣ аст, ки садои Абубакр ал-Бағдодӣ аст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 23, 2018 18:21 Asia/Dushanbe
  • Саркардаи ДИИШ паёми савтии ҷадид мунташир кард

Пас аз интишори ахбори баҳам зидд дар бораи кушта ва ё захмӣ шудани саркардаи ДИИШ, ҳоло ин гурӯҳи террористӣ навори савтии ҷадидеро мунташир карда ва муддаӣ аст, ки садои Абубакр ал-Бағдодӣ аст.

Ба гузориши хабаргузори Рейтерз, ин паёми савтӣ агарчӣ таърихи мушаххасе надорад, аммо дар он ба воқеаҳои ахир ҳамчун боздошти як кишиши амрикоӣ дар Туркия, ишора шудааст.

Ин нахустин навори савтии мунташир шуда, мунтасаб ба саркардаи ДИИШ аз авохири тобистони гузаштааст.

Рӯзи шанбе (18 август) Исмоил ал-Исавӣ, яке аз аъзои боздошт шудаи ДИИШ, фош кард, ки бо ал- Бағдодӣ дар саҳрое дар наздикии шаҳри ал-Маёдин дар устони Дайр аз-Зури Сурия дидор кардааст.

Ал-Исавӣ гуфта, бо дидани ал-Бағдодӣ, ки бисёр лоғар шуда ва ришаш бисёр сафед шуда буд, ба шиддат шигифт зада шудааст.

Бо ин, ки гурӯҳи террористи ДИИШ бисёре аз манотиқ ва шаҳрҳои таҳти контроли худ дар Сурия ва Ироқро аз даст дода, аммо ҳанӯз сарнавишти Абубакр ал-Бағдодӣ, дар ҳолати шаку шубҳа қарор дорад.