Август 23, 2018 20:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Деҳлии Нав ба ширкати “Ватсап”

Вазири фанноварии иттилооти Ҳинд аз ширкати “Ватсап” ба далели нақш доштан дар бурузи хушунатҳои иҷтимоӣ дар кишвараш интиқод кард.

Ба гузориши ИРНА, Ravi Shankar Prasad, вазири фанноварии иттилооти Ҳинд рӯзи панҷшанбе дар дидор бо Criss Daniels, раиси ширкати “Ватсап” дар Деҳлии Нав аз ин ширкат хост, бар асоси қавонини Ҳинд фаъолият кунад.

Сафари раиси ширкати “Ватсап” ба Деҳлии Нав ва дидори ӯ бо мақомоти ҳиндӣ пас аз дархости давлати Модӣ аз ин ширкат барои муқобила бо интишори овозаҳо ва ахбори дурӯғин, ки мунҷар ба кушта шудани чандин нафар дар Ҳинд шудааст, иттифоқ меафтад.

Ҳинд бо 200 миллион корбар, бузургтарин бозори ширкати “Ватсап” дар ҷаҳон аст.

Дар як соли гузашта, интишори ахбори дурӯғ дар бораи кӯдакрабоӣ дар “Ватсап” ба кушта шудани 30 нафар дар Ҳинд мунҷар шудааст.

Дар ҷадидтарин маврид дар моҳи гузашта, панҷ нафар дар иёлати Махараштра (Maharashtra) ба далели муттаҳам шудан ба кӯдакрабоӣ ба дасти афроди маҳаллӣ ба қатл расиданд.