Август 25, 2018 10:56 Asia/Dushanbe
  • Сафири Фаластин дар Вашингтон: Амрико боҷхоҳӣ мекунад

Сафири Ташаккули худгардони Фаластин дар Вашингтон тасмими Амрикоро дар лағви кумаки 200 миллиондолларӣ ба фаластиниҳо, боҷхоҳии сиёсӣ донист.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Ҳисом Замелат изҳор дошт, тасмими Амрико барои коҳиши кумакҳои молӣ ба фаластиниҳо, гоме дар масири мухолифат бо сулҳ аст ва давлати Амрико бо ин тасмим чашмандози сулҳи Фаластин ва уҳдадории амрикоиҳоро ба он тазъиф мекунад.

Замелат афзуд, тасмимоти давлати Амрико дар интиқоли сафорат ба Қудс ва лағви кумак ба Ожонси имдод ва иштиғоли Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ (UNRWA), мувофиқат ва ҳамроҳии комил бо барномаҳои зиддисулҳи Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими Исроил аст.

Замелат дар айни ҳол таъкид кард, сӯиистифодаи Амрико аз кумакҳои инсонӣ ва тавсеаӣ ба унвони абзоре барои боҷхоҳии сиёсӣ, ҳеҷ фоидае нахоҳад дошт.

Вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе эълом кард, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тасмим гирифтааст, кумаки беш аз 200 миллиондолларии ин кишвар ба фаластиниҳо дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва борикаи Ғазза лағв шавад.