Август 25, 2018 12:56 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Вашингтон аз бастаи ҳимоятии Аврупо аз Эрон

Раиси “Гурӯҳи иқдоми Эрон” дар Вазорати хориҷаи Амрико ҷумъашаб аз иқдоми ахири Комиссияи Аврупо барои ҷудо кардани 18 миллион евро ҷиҳати иҷрои тарҳи тавсеаӣ дар Эрон интиқод кард.

Комиссияи Аврупо рӯзи панҷшанбе эълом кард, як бастаи ҳимоятӣ ба арзиши 18 миллион евро барои иҷрои проектҳои тавсеаӣ дар Эрон ҷудо кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Брайан Ҳук дар изҳороте музҳик, Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки нақши асосӣ дар мубориза бо террористҳо дар Ховари Миёна дорад, ба ҳимоят аз терроризм ва эҷоди бесуботӣ дар минтақа муттаҳам кард.

Вай муддаӣ шуд, ҷудо шудани ин пул монеъ аз он хоҳад шуд, ки Эрон дар сиёсатҳояш “тағйироти эҳсосшаванда” эҷод кунад.

Ҳук аз Иттиҳоди Аврупо хост, ба ҷойи ҳимоят аз Эрон ва БарҶом, ба корзори фишор алайҳи Эрон бипайвандад.

“Гурӯҳи иқдоми Эрон” - номи ниҳоди ҷадиде аст, ки дар Вазорати хориҷаи Амрико бо ҳадафи ҳидоят ва ҳамоҳангсозии талошҳо алайҳи Эрон пас аз хуруҷи Вашингтон аз БарҶом ташкил шудааст.

Амрико баъд аз хуруҷ аз БарҶом (8 – уми май) корзори ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.