Робити байни ДИИШ ва давлатмардони Амрико даргузашт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37625-Робити_байни_ДИИШ_ва_давлатмардони_Амрико_даргузашт
Ҷон Маккейн, сенатори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ ва номзади собиқи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар даргузашт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 26, 2018 12:54 Asia/Dushanbe
  • Робити байни ДИИШ ва давлатмардони Амрико даргузашт

Ҷон Маккейн, сенатори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ ва номзади собиқи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар даргузашт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, вай пештар аз идомаи дармони саратони мағз даст кашида буд.

Ин сенатори зиддиэронӣ ва раиси Кумитаи хадамоти мусаллаҳи Маҷлиси Сенати Амрико дар синни 81 солагӣ даргузашт.

Ҷон Маккейн, сиёсатмадори амрикоӣ ва сенатори иёлати Аризона буд, ки дар соли 2008 ба унвони номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ширкат кард ва бо ихтилофи зиёде аз Барак Обама, номзади Ҳизби демократ шикаст хӯрд.

Маккейн собиқаи ҳузур дар ҷанги Ветнамро дар парвандаи худ дошт ва панҷуним солро дар асорати онҳо гузаронд.

Ӯ борҳо бавижа дар ҷараёни корзори номзадии раёсатҷумҳурии худ, ба дахолат дар умури дохилии Эрон, таъкид карда ва аз тарафдорони сахтгирии бештари Амрико алайҳи Эрон буд.

Маккейн дар ҷараёни як суханронӣ дар соли 2007 гуфта буд: "бар рӯи Эрон бомб бомб бомб бирезем".