Август 27, 2018 10:58 Asia/Dushanbe
  • Шоистагӣ: Шарти бархурдории муҳоҷирон аз ҳаққи шаҳрвандии Русия

Мудири Созмони иҷтимоии муҳоҷир ва қонун дар Русия мӯътақид аст, ки коргарони муҳоҷири хориҷӣ бояд ҳангоми дарёфти тобеияти Русия, мавриди озмоиши ҷиддӣ қарор гиранд ва аз шоистагии лозим бархӯрдор бошанд.

Ба гузориши Спутаник, хонум Гавҳар Ҷӯраева бо ишора ба фармони раисиҷумҳури Русия мабни бар эътои тобеияти ин кишвар ба 10 тоҷик гуфтааст, ки теъдоди мутақозиёни дарёфти тобеияти русӣ бисёр зиёд аст, аз ин рӯ, мутақозиён бояд бо авзои Русия, шароити исиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ин кишвар ошно бошанд ва ин нуктаро низ дарк кунанд, ки чӣ масъулияте дар мақоми шаҳрвандии ин кишвар хоҳанд дошт.

Чанд рӯз қабл Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия фармони ҷадид эътои тобеияти ин кишвар ба атбои хориҷиро имзо кард, ки миёни онони 10 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд.

Имсол ин дуввумин маврид аз эътои тобеияти Русия ба тоҷикон аст.

Манобеи вазорати кишвар Русия мегӯянд, ки дар соли 2017 беш аз 29 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба тобеияти Русия даромадаанд.

Муовини Кумитаи Думои давлатии Русия дар умури Ҷомеаи ҳамсуд гуфтааст, ки дар солҳои 2014 то 2017 беш аз се ҳазору 500 нафар аз атбои кишварҳои Ҷомеаи ҳамсуд аз қонуни осонсозии касби тобеияти Русия истифода кардаанд, ки 63 дарсади онон, шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Бар асоси омори расмӣ, тайи беш аз ду даҳаи гузашта, илова бар як миллион нафар аз рус забононе, ки аз Тоҷикистон ба Русия кӯч карда ва тобеияти гирифтаанд, беш аз 400 ҳазор тан аз тоҷикҳо низ муваффақ ба касби ин мавқеият шудаанд.