Август 29, 2018 11:17 Asia/Dushanbe
  • Путин 15 генерали русро барканор кард

Раиси ҷумҳурии Русия фармони барканории 15 генералро аз Вазорати дохилӣ, Вазорати мавқеиятҳои изтирорӣ, Кумитаи таҳқиқ ва Хадамоти зиндонҳои федералии ин кишвар имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, фармони содиршуда рӯзи сешанбе рӯйи портали расмии давлати Русия, дар ҳавза иттилооти ҳуқуқӣ қарор гирифт.

То кунун иттилооти бештаре дар ин замина мунташир нашудааст.

Путин авоили апрели соли 2018 низ 11 генерали русро аз мақоми худ барканор карда буд.