Август 31, 2018 18:29 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисиҷумҳури Туркия бар ҳазфи доллар дар тиҷорати байналмилалӣ

Раисиҷумҳури Туркия бар ҷойгузинии пули миллӣ дар мубодилоти тиҷорӣ ва зарурати истифода аз зарфияти иқтисодии кишварҳои туркзабон таъкид кард.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии телевизиони “ТРТ”-и Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар остонаи дидори расмӣ аз Қирғизистон дар мақолае дар рӯзнома «Аркин-то»-и чоп Қирғизистон навишт, бояд бо ҳамкории муассир иродаи худро барои поён додан ба ҳокимияти доллари Амрико дар тиҷорати байналмилалӣ нишон диҳем.

Вай ҳамчунин ба зарурати наҷоти иқтисоди кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз султаи доллар ишора ва эълом кард, Туркия метавонад бо Қирғизистон низ мубодилоти тиҷории худро бар асоси воҳиди пули миллии мутақобил пеш бибарад.

Эрдуғон ҳамчунин дар ин навишта ба зарфиятҳои иқтисодии Осиёи Миёна ишора ва эълом кард, дар шашумин нишасти Шӯрои олии кишварҳои туркзабон, ки дар Қирғизистон баргузор мешавад, кишварҳои Туркия, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон ширкат хоҳанд кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи шанбе меҳмони Сооронбай Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон хоҳад буд.