Август 31, 2018 20:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Ҷаҳон дар баробари тавтеаҳои Амрико алайҳи Фаластин биистад

Ба думболи тасмими Амрико барои қатъи комили кумакҳои молӣ ба Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ (UNRWA) барои оворагони фаластинӣ, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), хостори таҳарруки ҷаҳонӣ барои муқобила бо тавтеаҳои Вашингтон, алайҳи Фаластин шуд.

Ба гузориши маркази иттилорасонии Фаластин, тасмими қатъи тамомии кумакҳои Амрико ба “UNRWA”, дар дидори ахири Ҷаред Кушнер, мушовир ва домоди Трамп бо Майкл Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико иттихоз шудааст.

Cомӣ Абу Заҳрӣ, сухангӯи ҷунбиши Ҳамос рӯзи ҷумъа дар “Твитт”-е эълом кард, тасмими Кохи Сафед барои таваққуфи кумаки молӣ ба “UNRWA” ва талоши Амрико барои ҳазфи ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ, Амрикоро душмани миллати Фаластин ва уммати исломӣ ва арабӣ қарор хоҳад дод.

Давлати Амрико солонаи ҳудуди 350 миллион доллар ба “UNRWA” кумак мекард, аммо кох сафед дар январ 2018 онро ба 65 миллион доллар коҳиш дод.

Пештар низ Ники Ҳейли, намояндаи Амрико дар СММ хостори тағйири сиёсати Вашингтон бо “UNRWA” шуда буд.

Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар гузашта эълом карда буд, ки “UNRWA” бояд мунҳал шавад.

“UNRWA” ба ҳудуди панҷ миллиону 300 ҳазор фаластинӣ дар сарзаминҳои Фаластин, Урдун, Лубнон ва Сурия хадамот ироа мекунад.