Фуруди изтирорӣ дар фурудгоҳи Сочӣ 18 захмӣ барҷой гузошт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37754-Фуруди_изтирорӣ_дар_фурудгоҳи_Сочӣ_18_захмӣ_барҷой_гузошт
Фуруди изтирории як ҳавопаймои мусофирбарии Boeing 737 дар фурудгоҳи шаҳри Сочи (Русия) ва суқути он ба дохили рӯдхона, боиси маҷрӯҳ шудани 18 нафар, аз ҷумла се кӯдак шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 01, 2018 12:44 Asia/Dushanbe
  • Фуруди изтирорӣ дар фурудгоҳи Сочӣ 18 захмӣ барҷой гузошт

Фуруди изтирории як ҳавопаймои мусофирбарии Boeing 737 дар фурудгоҳи шаҳри Сочи (Русия) ва суқути он ба дохили рӯдхона, боиси маҷрӯҳ шудани 18 нафар, аз ҷумла се кӯдак шуд.

Ба гузориши гурӯҳи байналмилали хабаргузории “Тасним”, ба нақл аз хабаргузории “Новости”, 18 нафар дар натиҷаи оташ гирифтани ҳавопаймои мусофирбарии Boeing 737 дар ҳангоми фуруд дар фурудгоҳи шаҳри Сочи (дар ҷануби Русия) маҷрӯҳ шуданд, ки дар миёни онҳо се кӯдак вуҷуд дорад.

Вазорати беҳдошти Русия бо эъломи ин матлаб ёдовар шуд, ки хушбахтона ин ҳодиса куштае надоштааст. Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин дафтари матбуоти фурудгоҳи Сочи эълом кард, ки яке аз коркунони ин хутути ҳавоӣ дар замони интиқол ба бемористон, дар натиҷаи ҳамлаи қалбӣ даргузаштааст. Шаш нафар, аз ҷумла ду кӯдаки маҷрӯҳ ба бемористон мунтақил шуданд ва бақияи маҷрӯҳони ин ҳодиса кумакҳои пизишкии лозимро дар ҳамон фурудгоҳ дарёфт карданд.

Ҳавопаймои мусофирбарии Boeing 737 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Ют Эйр” - и Русия, ки аз Маскав ба парвоз даромада буд, субҳи имрӯз ҳангоми фуруд дар фурудгоҳи шаҳри Сочи дучори сониҳа шуда ва дар дохили рӯдхона афтод. Чархҳо ва боли ин ҳавопаймо шикаста ва мотори чапи он оташ гирифт. Тамоми 164 мусофир ва 6 хадамаи ин ҳавопаймо аз он хориҷ шудаанд. Таҳқиқот дар бораи иллати ин ҳодиса оғоз шудааст.