Русия асноди тавтеаи кимиёии Ғарб дар Сурияро ба Созмони Милал дод
Вазири умури хориҷаи Русия аз ироаи асноди шаклгирии ҳамлаи кимиёии сохтаву бофта дар Сурия, ба Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони манъи густариши таслиҳоти кимиёӣ хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа эълом кард, Маскав далели собиткунандае, ки аз манобеи мухталиф ба даст оварда, ба Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони манъи густариши силоҳҳои кимиёӣ ироа кардааст.
Вазири хориҷаи Русия аз ин созмонҳо хост то ба масъулияти худ дар қиболи ифшои чунин иқдомоти таҳрикомезе дар Сурия, амал кунанд.
Лавров бо ишора ба авзои Идлиб, дар шимоли Сурия ва музокирот барои эҷоди гузаргоҳҳои инсонӣ дар ин минтақа афзуд, давлати Сурия комилан ин ҳақро дорад то террористҳои мустақар дар Идилбро берун биронад.
Вазири умури хориҷаи Русия бори дигар таъкид кард, дар минтақаи коҳиши таниш дар Идлиб бояд миёни мухолифони мусаллаҳи давлат, ки омодаи гуфтугӯ бо Димишқ ҳастанд ва гурӯҳҳои террористие ҳамчун Ҷабҳаи Аннусра тафовут қоил шуд.
Вазорати дифои Русия чанд рӯзи пеш ҳушдор дод, Амрико, Британия ва Фаронса худро барои иҷрои сенарияи сохтаи ҳамлаи кимиёӣ бо ҳамдастии террористҳо дар Идлиб, ба манзури муттаҳам кардани артиши Сурия ва ба дунболи он ҳамла ба ин кишвар, омода мекунанд.