Сентябр 01, 2018 15:48 Asia/Dushanbe
  • Фарзияи ҷадиди Эрдуғон дар бораи фурупошии Туркия

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия гуфт: Тавсифи ин, ки Амрико талош дорад, аз парвандаи кашиши амрикоӣ барои фурупошии иқтисодӣ ва низоми Туркия истифода кунад, ғайримумкин аст.

Раисҷумҳури Туркия бо таъкид бар лузуми ҳамкории Анкара бо кишварҳои дигар ба ҷуз Амрико ва Аврупо гуфт: Парвандаҳое, ки дар Амрико зидди мақомҳои Туркия ташкил шудааст, дар ҳеч кишваре вуҷуд надорад.

Ба рағми интиқодҳои пай дар паи раҳбарони давлати Анкара аз Вашингтон бояд гуфт: Ин нахустин борест, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз фурупошии Туркия аз сӯи Амрико сухан ба миён меоварад.  

Тасаввури мақомҳои Анкара ин аст, ки Амрико бо эъмоли таҳримҳои ҷадиди зидди давлати Туркия , фурупошии иқтисодӣ ва низоми ин кишварро ҳадаф гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки дар замони оғози ҷанги Сурия, раҳбарони Туркия ва Амрико худро ду муттаҳиди стратегӣ хитоб мекарданд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом кард, Туркия ҳам ба сомонаи s-400 Русия ниёз дорад ва ҳам ба ҷангандаи f-35 Амрико.

Эрдуғон аз ҳимояти таслиҳотии Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ аз курдҳои Сурия низ интиқод карду гуфт:

“Ҳангоме, ки устонҳои ҷанубии Туркия аз хоки Сурия мавриди ҳамлаи ракетӣ қарор мегирифтанд, онҳо сомонаҳои дифои мушакии худро аз кишвари мо хориҷ карданд. Онҳо силоҳҳоеро, ки бо пул ба мо намефурухтанд, ройгон ба террористҳо доданд”.

Аарон Штайн, таҳлилгари масоили Ховари Миёна низ дар мақолае, ки дар сайти андешкдаи Шӯрои Атлантик мунташир шуд, ба бистарҳои танишзо миёни Амрико ва Туркия пардохт ва яке аз ин бистарҳоро омили курдӣ дар Ховари Миёна ва ҳимояти Амрико аз он донист.

Равобити Туркия ва Амрико таҳти таъсири чанд омили муҳим ба вижа ҳимоятҳои Амрико аз курдҳои Ироқ ва Сурия ба самти тирагӣ пеш меравад.

Дар ҳоле, ки дар тӯли ду қарни гузашта Амрико ҳамвора ба курдҳо хиёнат кардааст.