Сентябр 03, 2018 11:37 Asia/Dushanbe
  • Қарордоди 39 миллиард долларии Чин ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  

Намоишгоҳи “Expo” Чин ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рӯз якшанбе бо имзои қарордодҳое ба арзиши беш аз 39 миллиард доллар поён ёфт.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, шашумин намоишгоҳи Чин - АвруОсиё   рӯзи панҷшанбаи гузашта бо ҳузури беш аз 700 муассисаи чинӣ ва хориҷӣ аз ҷумла ширкатҳое аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маркази байналмилалии намоишгоҳи шаҳри Урумчии минтақаи худмухтори Синзян дар шимоли ғарби Чин оғоз шуда буд.

Қарордодҳои имзо шуда дар бахшҳои муҳандиси химия, энержӣ, ҳифозат аз муҳити зист, фарҳанг ва гардишгарӣ аст, ки ниме аз онҳоро 500 ширкати бартари ҷаҳон имзо кардаанд.

Дар ин намоишгоҳи чаҳор рӯза, ки бо номи "як камарбанд - як ҷода; Музокирот, сохт ва баҳрабардории муштарак" доир шуда буд, утоқи бозаргонӣ ва саноати Эрон ва Чин ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои шашумин бори пайдарпай ширкат карда буд.

Дар ин намоишгоҳ намояндагоне аз 35 кишвар ва минтақа аз саросари ҷаҳон ва 704 ширкат ҳузур доштанд.

Дар давраи қаблии намоишгоҳ мизони қарордодҳои имзо шуда бо ширкатҳои чинӣ, ба 18 миллиард доллар расида буд.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамакнун аз кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст.