Ҳар 15 дақиқа дар Амрико як навзоди муътод мутаваллид мешавад
(last modified Tue, 04 Sep 2018 05:08:26 GMT )
Сентябр 04, 2018 10:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳар 15 дақиқа дар Амрико як навзоди муътод мутаваллид мешавад

Натоиҷи як пажӯҳиши ҷадид дар Амрико нишон медиҳад, дар ҳар 15 дақиқа як навзоди муътод дар ин кишвар мутаваллид мешавад.

Ба гузориши “Порс тудэй”, бар асоси ин пажуҳиш, давлати Амрико аз соли 2004 то 2018 беш аз 2.5 миллиард доллар барои беҳбуди шароити ҷисмии навзодони муътод ҳазина кардааст. Ин дар ҳолест, ки шумори андаке аз ин кӯдакон беҳбуд пайдо мекунанд. Оқибати эътиёди модар то солиёни сол ҳамроҳи бисёре аз кӯдакони амрикоӣ боқӣ мемонад.

Бар асоси омор ва арқоми мавҷуд, беш аз 50 дарсади занони амрикоӣ нӯшокии спиртӣ ва ҳудуди 20 дарсади онҳо маводи мухаддир истеъмол мекунанд.

Коршиносони беҳдоштӣ бар ин боваранд, ки афзоиши шумори занони муътод бо паёмадҳои муҳими пизишкӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳ хоҳад буд. Илова бар ин раванди ибтило ба бемориҳои мухталиф дар занони муътод густурдатар аз мардон аст.

Пажуҳишгарони амрикоӣ бо баёни ин ки намедонанд чаро масрафи нӯшокии спиртӣ миёни занони ин кишвар шоеъ шудааст, хотирнишон кардаанд, натиҷаи тағйири меъёрҳои иҷтимоӣ ва стрессе, ки занони шоғил дар муҳити кор мутаҳаммил мешаванд, эҳтимолан бо мизони масрафи алкоголи онҳо иртиботи мустақим дорад.

Баррасиҳои Донишгоҳи Ҳарварди Амрико баёнгари он аст, ки ҳадди ақал 7 миллион зани амрикоӣ нахустин бор дар синни 7-солагӣ маводи мухаддирро таҷриба кардаанд. Ҳамчунин ҳадди ақал 85 миллиону 500 нафар аз занони амрикоӣ алкогол масраф мекунанд ва беш аз 33 миллион нафари онҳо дар тайи рӯз аз маводи мухаддир истифода мекунанд.

Маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳои Амрико дар ҷадидтарин гузориши худ ба марги 88 ҳазор амрикоӣ дар соли 2017 бар асари масрафи машруботи алкоголӣ ишора кардааст, зимни он ки масрафи машруботи алкоголӣ мӯҷиби хисорати 249-миллиарддолларӣ ба давлати ин кишвар шудааст.