Сентябр 05, 2018 12:03 Asia/Dushanbe
  • Китоби ҷадиди дигаре алайҳи Трамп дар роҳ аст

Як нависандаи дигари амрикоӣ дар китоби худ раисҷумҳури ин кишварро бемори равонӣ тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Боб Вудворд, рӯзноманигори машҳури амрикоӣ дар китоби ҷадиди худ, ки қарор аст, 11-ум сентябр мунташир шавад, Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишварро фарди ҷоҳил, асабонӣ ва бадгумон донист, ки вузаро ва ҳамкоронаш мудом талош мекунанд, то ӯро контрол кунанд. Дар бахше аз китоби Вудворд омадааст, Ҷеймз Матис, вазири дифои Амрико пас аз ҷаласае бо Доналд Трамп дар мавриди масъалаи шибҳиҷазираи Корея рафтори Трампро бачагона донистааст. Дар ин китоб ҳамчунин навишта шуда, ки Ҷон Келли, раиси коркунони Кохи Сафед низ Трампро аҳмақе дониста, ки талош барои мутақоид карданаш беҳуда аст.

Доналд Трамп бо рад кардани матолиби ин китоб дар бораи худ гуфт: "Ин китоб як китоби бади дигар аст, нависанда дучори мушкилоти зиёде дар мавриди эътибор аст". Трамп ҳамчунин дар талош барои зери савол бурдани эътибори ин китоб ва нависандаи он афзуд, эҳтимол дорад, матолиби ин китоб аз сӯйи кормандони норозии Кохи Сафед ва сохта бошад.

Чанде пеш низ китоби ​пурфурӯши «Оташ ва хашм дар Кохи Сафеди Трамп», асари Майкл Волфф ҷанҷоли зиёде барпо кард. Дар ин китоб илова бар равонӣ хондани раисҷумҳури Амрико омадааст, ки пирӯзӣ дар интихобот барои Трамп қобили тасаввур набуда ва ҳамсари ӯ аз шоки ношӣ аз ин хабар дар хатари саломати равонӣ қарор гирифта буд.

 

Барчасп