Сентябр 05, 2018 19:03 Asia/Dushanbe

Вазири хориҷаи Амрико дар бадви вуруд ба Исломобод, пойтахти Покистон бо истиқболи сарди давлати ҷадиди ин кишвар рӯ ба рӯ шуд.  

Майк Пампо баъд аз зуҳри чаҳоршанбе барои дидор бо мақомоти олирутбаи Покистон вориди Исломобод шуд, аммо дар фурудгоҳи Нурхон мавриди истиқболи ҳайъате қарор гирифт, ки ҳеҷ як мақоми баландпояи Покистон дар он набуд.

Ҷозеф Данфорд, раиси ситоди муштараки артиши Амрико, Алис Велс ва Залмай Халилзод, мушовири вазири хориҷаи Амрико дар умури Афғонистон дар сафар ба Покистон Майк Пампоро ҳамроҳӣ мекунанд.

 

Барчасп