Ташкили давлати муваққат, хости бузургтарин гурӯҳи оппозитсияи давлати Афғонистон
(last modified Wed, 05 Sep 2018 16:05:41 GMT )
Сентябр 05, 2018 21:05 Asia/Dushanbe
  • Ташкили давлати муваққат, хости бузургтарин гурӯҳи оппозитсияи давлати Афғонистон

Раиси иҷроии эътилофи бузурги миллии Афғонистон бар ташкили давлати муваққат дар ин кишвар таъкид кард.  

Аҳмадзиёи Масъуд эълом кард, аҳзоби сиёсии ин кишвар бояд давлати муваққатеро барои тазмини шаффофияти интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурии Афғонистон ташкил диҳанд.

Вай афзуд: Танҳо роҳе, ки метавонад шаффофияти интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурии ин кишварро тазмин кунад, ташкили давлати муваққат аст, зеро давлати кунунии Афғонистон барои муҳандисии интихобот дар ин кишвар талош мекунад.