Сентябр 06, 2018 13:28 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобити фарҳангии Эрон ва ҷумҳурии Бошқиристони Русия

Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон ва вазири фарҳанги ҷумҳурии худмухтори Бошқиристони Русия бар тавсеаи равобити фарҳангӣ таъкид карданд.  

Абузари Иброҳимии Туркмон дар ҳошияи баргузории ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Русия ва дар дидор бо Шафиқ Ава, вазири фарҳанги Бошқиристон аз тавсеаи муносиботи фарҳангии дуҷониба ибрози хурсандӣ кард ва аз омодагии Эрон барои ҳамкорӣ бо ин ҷумҳурӣ дар заминаҳои мухталифи фарҳангӣ ва ҳунарӣ хабар дод.

Вай умедворӣ кард, равобити Эрон бо Бошқиристон рӯз ба рӯз тавсеа ёбад ва ҳафтаи фарҳангии ин ҷумҳурии Русия дар Теҳрон ба зудӣ баргузор шавад.

Шафиқ Ава ҳам ба баргузории муваффақиятомези ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Русия ва Бошқиристон ишора кард ва гуфт: Бо дастури раисҷумҳури Бошқиристон ба зудӣ ҳамкориҳои мухталиф дар арсаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ миёни дутараф афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳафтаи фарҳангии ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия аз севуми сентябр оғоз шуд ва ба муддат як ҳафта дар шаҳрҳои Маскав ва Уфа баргузор мешавад.

Бошқиристон яке аз манотиқи мусулмоннишини Русия аст.