Марги нахуствазири Абхазия дар сониҳаи ронандагӣ
Сентябр 09, 2018 09:20 Asia/Dushanbe
Нахуствазири Ҷумҳурии худхондаи Абхазия рӯзи шанбе дар як сониҳаи ронандагӣ ҷони худро аз даст дод.
Ба нақл аз хабаргузории Меҳр, раёсати ҷумҳурии Абхазия шанбе шаб дар баёнияе эълом кард Генадӣ Гагуля дар масири фурудгоҳи Соччӣ ба ин минтақа дучори сониҳаи ронандгӣ шуд ва даргузашт.
Раиси давлати Абхазия дар ҳоли бозгашт ба хона пас аз дидори худ аз Сурия буд. Дар ин сониҳа фарди дигаре захмӣ нашудааст.
Абхазия номи сарзамине аст воқеъ дар ғарби Қафқоз ва каронаи шарқии баҳри Сиёҳ, ки ҳудуди 242 ҳазор нафар ҷамъият дорад, ки бештарашон тобеъияти русӣ доранд.
Абхазия дар соли 2008 ба таври якҷониба аз Гурҷистон эломи истиқлол кард.
Русия ва Сурия, истиқлоли Абхазияро ба расмият шинохтаанд.