Сентябр 10, 2018 12:22 Asia/Dushanbe
  • Трамп дафтари Созмони озодибахши Фаластинро мебандад

Рӯзномаи амрикоӣ гузориш дод, ки мушовири амнияти миллии Кохи сафед имрӯз душанбе баста шудани дафтари Созмони озодибахши Фаластин дар Вашингтонро эълом мекунад.

Пойгоҳи хабарии рӯзномаи "Вол Стрит Журнал" бо эъломи ин хабар афзуд, бар асоси матне, ки аз суханронии имрӯзи Ҷон Болтон мушовири амнияти миллии Кохи сафед дидааст,  вай қасд дорад баста шудани дафтари Созмони озодибахши Фаластинро эълом кунад.

Дар суханронии Болтон омадааст: Вақте ки фаластиниён оғози музокироти мустақим ва маънидор бо  Исроилро рад мекунанд, давлати Трамп ин дафтарро боз нигаҳ намедорад.

Вол Стрит Журнал ҳамчунин гузориш дод, ки Амрико қасд дорад Девони байналмиллалии кайфариро дар сурати таҳқиқ дар бораи ҷиноятҳои Амрико дар Афғонистон ва ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён таҳдид ба таҳрим кунад.

Дар матни суханронии Болтон таъкид шудааст, ки агар Девони байналмиллалии кайфарӣ дар таъқиби Амрико, Исроил ё дигар муттаҳидони Иёлоти муттаҳида бошад, Вашингтон сокит намешинад.

Мушовири амнияти миллии Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин қасд дорад қазоват ва додситонҳои дивони байналмиллалии кайфариро таҳдид ба мамнуъияти вуруд ба Амрико, тавқифи сармояҳои онон ва ҳамчунин таъқиби онон дар низоми қазоии ин кишвар кунад.

Болтон муътақид аст, ки Амрико бояд ҳамин корро бо ширкатҳо ё кишварҳое, ки ба таҳқиқҳои Девони байналмиллаалии кайфарӣ алайҳи амрикоиҳо кумак кунанд, анҷом диҳад.

Девони кайфарии байналмиллалӣ нахустин додгоҳи доимии байнамиллалӣ барои расидаагӣ ба ҷурмҳои наслкушӣ, ҷиноятҳо алайҳи башарият, ҷиноятҳои ҷангӣ ва таҷовуз аст, ки мақарри он дар Лоҳа, Нидерланд қарор дорад.

Барчасп