Тавзеҳи Пашиниян ба русҳо дар бораи озмоишгоҳи амрикоии дар хоки Арманистон
(last modified Mon, 10 Sep 2018 11:25:58 GMT )
Сентябр 10, 2018 16:25 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи Пашиниян ба русҳо дар бораи озмоишгоҳи амрикоии дар хоки Арманистон

Нахуствазири Арманистон таъкид кард, озмоишгоҳи биологии Амрико дар Арманистон ба таври комил дар контроли давлати Арманистон аст ва Русия набояд эҳсоси нигаронӣ кунад.

Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон, ки ба Маскав сафар кардааст, дар мусоҳиба бо рӯзномаи Коммерсант гуфт: Коршиносони рус имкони дастрасӣ ба озмоишгоҳи Амрико дар хоки Арманистонро, ки дар заминаи таҳқиқот рӯи маводи биологӣ фаъолият дорад, пайдо кардаанд.

Вай тавзеҳ дод, ин озмоишгоҳ ба таври комил таҳти контроли давлати Арманистон қарор дорад ва ҳаргиз аз он алайҳи Русия истифода нахоҳад шуд.