Сентябр 14, 2018 21:20 Asia/Dushanbe
  • Радди музокира бо Амрико аз тарафи гурӯҳи Толибон

Сухангӯи гурӯҳи Толибон ҳар гуна музокираи эҳтимолӣ бо Амрикоро рад кард.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид рӯзи ҷумъа бо интишори баёнияе эълом кард, гузориши ахири расонаҳои ғарбӣ аз ҷумла Рейтер дар бораи эҳтимоли музокираи аъзои Дафтари сиёсии Толибон бо мақомоти амрикоӣ ҳақиқат надорад.

Ахиран расонаҳои ғарбӣ, аз ҷумла Рейтер эълом карданд, ҳайате аз аъзои дафтари сиёсии Толибон дар Қатар барои музокироти эҳтимолӣ бо мақомоти амрикоӣ омодагӣ доранд.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид сухангӯи гурӯҳи Толибон афзуд: Ҳар гуна иттилорасонӣ дар бораи раванди музокирот аз ҷониби мақомоти расмии ин гурӯҳ сурат хоҳад гирифт.