Сентябр 15, 2018 14:05 Asia/Dushanbe
  • Дархости бонки русӣ барои канор гузоштани доллари Амрико

Раиси бонки ВТБ, яке аз бузургтарин бонки Русия тарҳеро барои канор гузоштани доллари Амрико аз муомилоти арзӣ ва бонкии ин кишвар ироа кардааст, ки бар асоси он доллар аз мубодилоти тиҷории Русия хориҷ хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Андрей Костин рӯзи ҷумъа тарҳи худ барои канор гузоштани доллар аз муомилоти арзӣ ва бонкии Русияро шарҳ дод.

Вай банди аввали ин тарҳро суръат бахшидан дар табдили муомилоти воридот ва содироти Русия аз доллар ба арзҳои дигар номид ва дар моддаи дувум, интиқоли ширкатҳои бузурги русӣ ба дохили кишвар ва сабти онҳо дар Русияро пешниҳод дод.

Хариду фурӯши авроқи қарзаи Аврупо дар бурси саҳҳоми Русия аз дигар маводи тарҳи пешниҳодии раиси бонки ВТБ - и Русия аст.

Русия пас аз ташдиди таҳримҳои Амрико алайҳи ин кишвар, сиёсати канор гузоштани доллар аз муомилоти худ бо дигар кишварҳоро ҷиддитар дунбол мекунад.

Сергей Рябоков, муовини вазири умури хориҷаи Русия ахиран гуфт, Маскав бояд долларро аз системаи пардохтҳои худ ҳазф ва роҳҳои дигарро ҷустуҷӯ кунад.