Сентябр 15, 2018 15:57 Asia/Dushanbe
  • Муассисоти хориҷӣ ва ҳадар додани 280 миллион доллар дар Афғонистон

Сарбозраси вижаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон эътироф кард, 280 миллион долларе, ки барои расидагӣ ба умури занон дар Афғонистон ихтисос ёфта буд, аз сӯи муассисоти хориҷӣ ҳадар шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Ҷон Сапко гуфт, ин маблағ барои тавонмандсозии 75000 зан афғон, то соли 2022 тахсис ёфта буд, ки аз сӯи кормандони барномаи “Promote” ҳадар шудааст.

Сарбозраси вижаи Амрико афзуд, бо вуҷуди ҳазинаи садҳо миллион долларӣ ҳеҷ гуна фаъолияти қобили мулоҳизае дар бахши тавонмандсозии занон дар Афғонистон анҷом нашудааст.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 500 проект барои беҳбуди вазъияти занони Афғонистон аз сӯи муассисоти хориҷӣ дар ин кишвар дар ҳоли иҷро аст, аммо ҳанӯз ҳам занони Афғонистон бо мушкилоти бисёре рӯбарӯ ҳастанд.

Коршиносони масоили сиёсии афғон аз ҷумла Ваҳид Мужда ва Атиқуллоҳ Амирхейл бар ин боваранд, ки муассисоти хориҷӣ дар Афғонистон ба далели адам ҳисобрассии давлати ин кишвар, миллиардҳо доллар кӯмакҳои ҷомеаи байналмилалӣ ба Афғонистонро ҳадар кардаанд.

Пеш аз ин низ бархе аз расонаҳо аз ҳадаро шудани ҳудуди 4 миллиард доллар аз сӯи муассисоти хориҷӣ дар бахши энержии Афғонистон хабар дода буданд.

Дар ҳоли ҳозир 2376 муассисаи дохилӣ ва 279 муассисаи хориҷӣ дар Афғонистон фаъолият мекунанд.