Тирандозӣ дар саҳни Масҷидуннабӣ
Сентябр 16, 2018 07:27 Asia/Dushanbe
Манобеи Саудӣ аз тирандозӣ дар яке аз саҳнҳои Масҷидуннабӣ хабар доданд ва эълом карданд, омили он боздошт шудааст.
Ба гузориши вебгоҳи хабари «Сабақ», манобеи хабарӣ дар Арабистони Саудӣ эълом карданд, шанбешаб як фарди ношинос бо туфангча иқдом ба тирандозӣ дар яке аз саҳнҳои Масҷидуннабӣ карда, вале ба касе осеб нарсидааст.
Неруҳои амниятии Масҷидуннабӣ вайро боздошт ва эълом кардаанд, фарди боздоштшуда 42 сола ва «бемор» аст ва таслими полиси минтақаи марказии Мадинаи Мунаввара шудааст, то иқдомоти интизомӣ дар мавриди ӯ ба амал ояд.
Дар ин хабар ба ҷузъиёти бештаре ишора нашудааст.