Русия: Бисёре аз кишварҳо ба фикри асъори ҷойгузини доллари Амрико ҳастанд
(last modified Mon, 17 Sep 2018 06:09:47 GMT )
Сентябр 17, 2018 11:09 Asia/Dushanbe
  • Русия: Бисёре аз кишварҳо ба фикри асъори ҷойгузини доллари Амрико ҳастанд

Сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, бисёре аз кишварҳо дар Аврупо ва Осиё ба фикри арз(асъор)-и ҷойгузини доллари Амрико ба унвони арзи захира ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, Дмитрий Песков рӯзи якшанбе гуфт, Амрико ба унвони арзакунандаи доллар гомҳое бармедорад, ки аркони эътимод ба ин арзи байналмилалиро мутазалзил кардааст ва дар шароити кунунӣ бар теъдоди кишварҳое, ки ба фикри коҳиши вобастагӣ аз Амрико афтодаанд, афзуда мешавад.

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия афзуд, ин кишварҳо ба ин воқеият пай бурдаанд, ки қатъи вобастагӣ ба доллари Амрико имконпазир аст ва ин иқдом бояд ҳарчи сареътар сурат гирад.

Раиси Бонки марказии Русия низ рӯзи ҷумъа эълом кард, Бонки марказии ин кишвар сиёсати каноргузоштани доллари Амрикоро ба иҷро дароварда ва ба ин сиёсат идома хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, Андрей Костин, раиси яке аз бузургтарин бонки Русия, тарҳеро барои каноргузоштани доллари Амрико аз муомилоти арзӣ ва бонкии ин кишвар ироа карда, ки бар асоси он, доллар аз мубодилоти тиҷории Русия хориҷ хоҳад шуд.