Русия дарё ва осмони шарқи Баҳри Миёназаминро баст
(last modified Fri, 21 Sep 2018 15:10:01 GMT )
Сентябр 21, 2018 20:10 Asia/Dushanbe
  • Русия дарё ва осмони шарқи Баҳри Миёназаминро баст

Русия дар иқдоме, ки баъзе манобеъ, муҷозоти Телавив дар иртибот бо сарнагунии ҳавопаймои ин кишвар дар Сурия донистаанд, обҳои байналмилалӣ ва масирҳои парвозии шарқи Баҳри Миёназаминро баст.

Шабакаи Алҷазира аз Маскав гузориш дод: Русҳо ба Созмони байналмилалии ҳимоят аз дарё ва ҳавонавардӣ иттило додаанд, ки новгони Русия дар савоҳили Сурия, ба размоишҳои низомӣ бо партоби мушак иқдом хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои режими Исроил ба нақл аз мақомоти ин режим эълом карданд, ки тасмими Маскав ба бастани шарқи Баҳри Миёназамин, навъе иқдоми пешгирона ва танбеҳӣ дар иртибот бо сарнагунии ҳавопаймои ин кишвар дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ ба Сурия аст.

Қарор аст баста шудани масири дарёӣ ва ҳавоии шарқи Баҳри Миёназамин ба рӯйи киштиҳо ва ҳавопаймоҳо то чаҳоршанбеи оянда идома ёбад, иқдоме ки бисёре аз парвозҳо ва тараддудҳои дарёии режими Исроилро таҳти таъсир қарор медиҳад.

Бомдоди сешанбе 18 сентябр, замони ҳамлаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба устони Лозиқияи Сурия, як ҳавопаймои низомии Русия бо 15 сарнишин ҳадаф қарор гирифт ва сарнагун шуд.

Русия режими саҳюнистиро масъули сарнагунии ин ҳавопаймо медонад.