Сентябр 21, 2018 20:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия дар бораи таҳримҳои ҷадиди Амрико

Муовини вазири умури хориҷаи Русия бо ҳушдор дар бора таҳримҳои ҷадиди Амрико, ин рӯйкарди Вашингтонро таҳдиде барои суботи ҷаҳонӣ хонд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Саргей Рябков муовини вазири умури хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа дар баёнияе тасреҳ кард, таҳримҳои ҷадиди Амрико, ки ба вижа як ниҳоди вобаста ба артиши Чинро ба хотири хариди таслиҳот аз Русия ҳадаф қарор дода аст, суботи ҷаҳониро таҳдид мекунад.

Рябков афзуд, ҳар маҷмӯъаи ҷадиди таҳримҳо нишон медиҳад, ки талошҳои қаблӣ барои фишор ба Русия, натиҷаи дилхоҳи душманони ин кишварро дар пай надошта ва бар ҳамин асос аст, ки феҳристи сиёҳи Амрико рӯз ба рӯз тӯлонитар мешавад.

Амрико панҷшанбешаб Идораи тавсеаи таҷҳизоти артиши Чин дар вазорати дифои ин кишварро ба далели хариди ҷангандаҳои СУ-35 ва сомонаи дифои мушакии С-400 аз Русия таҳрим кард.

Амрико ҳамчунин номи 33 шахси ҳақиқӣ ва ҳуқуқии фаъол дар бахшҳои низомӣ ва иттилоотии давлати Русияро ба феҳристи сиёҳи таҳримҳои худ мавсум ба КАТСА афзуд.

 

Барчасп