Сентябр 24, 2018 19:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи даҳҳо ҳазор нафар раъйдиҳандаи интихобот дар Афғонистон

Комиссиюни интихоботи Афғонистон эълом кард, дар натиҷаи идомаи баррасиҳо беш аз 88 ҳазор нафар аз феҳрасти раъйдиҳандагони интихоботи порлумонӣ дар 10 вилояти Афғонистон ҳазф шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, масъулони Комиссиюни интихоботи Афғонистон гуфтанд, ин афрод ба далели тақаллуб аз феҳраст раъйдиҳандагон ҳазф шуданд ва наметавонанд дар интихобот ширкат кунанд.

Забиҳ‌уллоҳ Содот, муовини сухангӯи Комиссиюни интихоботи Афғонистон гуфт, токунӯн ҳудуди номи 9 миллион нафар дар бонки иттилооти марказии Комиссиюни интихоботи Афғонистон дарҷ шудааст.

Интихоботи порлумонии Афғонистон қарор аст, пас аз се соли таъхир дар бистуми октябри 2018 баргузор шавад.