Сентябр 25, 2018 21:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳаёҳуии беҳудаи Трамп дар Созмони милал барои афзоиши фишорҳо бар Эрон

Раисҷумҳури Амрико имшаб дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони милал гуфт: Амрико ба дунболи қатъи манобеи молии Эрон аст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суханоне ғайрдипломатӣ ва иҳонатомез ба миллат ва давлати Эрон муддаӣ шуд, Амрико дар паи он аст, то манобеи молии Эронро қатъ ва таҳримҳо алайҳи ин кишварро ташдид кунад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳамчунин аз созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) хост, қиммати нафтро коҳиш диҳанд.

Вай гуфт, барои сулҳ гуфтугӯ бо Кореяи Шимолиро оғоз кардем ва барои халъи силоҳи ҳастаии шибҳҷазираи корея талош мекунем.

Раисҷумҳури Амрико таъкид кард: Таҳримҳо бар Кореяи Шимолӣ идома хоҳад дошт.

Трамп муддаӣ шуд, Амрико ба дунболи ҳамкорӣ бо ҳама аст.  

Трамп афзуд: Хати машии ҷадиди мо дар Ховари Миёна дар ҳоли эҷоди тағйири таърихӣ аст ва дар ин минтақа дастовардҳои зиёде ба вижа пас аз сафар ба Арабистон доштаем.

Доналд Трамп бетаваҷҷуҳ ба фаҷоеи ҷорӣ дар Яман ва Сурия гуфт: Арабистон, Иморот ва Қатар мутааҳҳид шудаанд, аз миллатҳои Сурия ва Яман ҳимоят кунанд.

Вай ҳамчунин муддаӣ шуд, ки Амрико хоҳони роҳҳалли сиёсӣ дар Сурия аст ва бояд ба иродаи миллати ин кишвар эҳтиром гузошта шавад.  

Раисҷумҳури Амрико гуфт: Дар сурати истифода аз таслиҳоти химиявӣ дар Сурия Амрико ба ин иқдом посух хоҳад дод.

Трамп ҳамчунин дастовардҳои давлаташро бесобиқа тавсиф кард ва афзуд: Давлати феълии Амрико дар ду соли гузашта дастовардҳое доштааст, ки ҳамаи давлатҳои қаблӣ натавониста буданд онҳоро амалӣ кунанд.