Вақте раҳбарони ҷаҳон ба муддати тӯлонӣ ба Трамп хандиданд + филм
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38339-Вақте_раҳбарони_ҷаҳон_ба_муддати_тӯлонӣ_ба_Трамп_хандиданд_филм
Суханронии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар Маҷмаи умумии Созмони Милал бо чанд ҳошия ҳамроҳ буд, ки эҳтимолан то солҳо фаромӯш нахоҳанд шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 26, 2018 12:20 Asia/Dushanbe

Суханронии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар Маҷмаи умумии Созмони Милал бо чанд ҳошия ҳамроҳ буд, ки эҳтимолан то солҳо фаромӯш нахоҳанд шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, раиси ҷумҳурии Амрико хитоб ба ҳозирон гуфт: “Дар камтар аз ду сол давлати ман тақрибан беш аз ҳар давлати дигаре дар таърихи Амрико дастовард доштааст”.

Ин иддаои Трамп боиси хандаи раҳбарон ва ҳайатҳои сиёсии ҳозир дар нишаст шуд, ба тавре ки худи Трампро низ ба ханда ва тааҷҷуб водошт ва изҳор дошт: “Интизори ин вокунишро надоштам, аммо хуб аст”.

Ба гуфтаи нозирони байналмилалӣ, ин барои аввалин бор аст, ки раҳбарони ҷаҳон ба суханронии як раисҷумҳур дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал механданд.

Ин иттифоқ дар ҳоле рух дод, ки Трамп дар соли 2014 хитоб ба Барак Абама гуфта буд, ки мо ба раисҷумҳурие ниёз дорем, ки боиси хандаи дигарон нашавад.