Тарҳи Иттиҳодияи Аврупо барои давр задани таҳримҳои Трамп зидди Эрон
Сентябр 27, 2018 13:23 Asia/Dushanbe
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, тарҳи ин иттиҳодия барои муқобила бо марҳалаи дувуми таҳримҳои Амрико зидди Эрон пеш аз ноябри оянда -замон иҷрои ин таҳримҳо оғоз мешавад.
Федерика Могеринӣ чаҳоршанбе дар Ню-Йорк гуфт: Тарҳи Иттиҳодияи Аврупо Эс Пи Ви ном дорад ва ҳадаф аз он барқарор мондани тиҷорат бо давлати Эрон ҳатто бо вуҷуди эъмоли таҳримҳои Амрикост.
Вазирони хориҷаи Британия, Чин, Русия, Фаронса, Олмон ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе низ дар нишасте дар Ню-Йорк тасмими худро барои эҷоди тасҳилоти ҷадид бо ҳадафи барқарор будани иртиботи молӣ бо Эрон ба хусус барои содироти нафт эълом карданд.
Барчасп