Сентябр 28, 2018 18:00 Asia/Dushanbe
  • Наҷоти мусофирони ҳавопаймои сарнагуншуда дар Уқёнуси Ором

Даҳҳо мусофири як ҳавопаймои мусофирбарии Гвинеяи Нав пас аз онки дар обҳои Уқёнуси Ором сарнагун шуда буд, ба таври мӯъҷизаосое аз марг наҷот ёфтанд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, гурӯҳҳои имдод ва наҷот тамоми 47 нафар сарнишини Боинг-737 пеш аз ғарқ шудан, аз марги ҳатмӣ наҷот доданд.

Ин ҳавопаймо қарор буд, дар яке аз ҷазираҳои федератсияи Микронезия дар Уқёнуси Ором фуруд дошта бошад.

Дар бораи сабаби вуқуи ин ҳодиса то кунун гузорише мунташир нашудааст.

Микронезия яке аз се ҷазираи бузурги Уқёнуси Ором ва аз манотиқи дурафтодаи қораи Уқёнусия аст.