Сентябр 30, 2018 12:10 Asia/Dushanbe
  • Бошгоҳи Реал-Мадрид аз духтари муборизи фаластинӣ таҷлил кард

Бошгоҳи футболи Реал-Мадриди Испания рӯзи шанбе бо эҳдои пероҳани ин бошгоҳ ба Аҳед Тамимӣ духтари муборизи Фаластинӣ, аз вай ба хотири истодагӣ дар баробари саҳюнистҳо таҷлил кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, масъулони бошгоҳи футболи Реал-Мадрид дар ин бошгоҳ аз Аҳед истиқбол ва пероҳани шумораи 9-и ин бошгоҳро ба номи худаш ба ӯ эҳдо карданд.

Аҳед Тамимии 17-сола 19 декабр 2017 ба иттиҳоми эҷоди халал дар анҷоми маъмурияти сарбозони саҳюнист ва мушт задан ба ду тан аз онҳо дар шаҳраки "Набӣ Солеҳ" аз сӯи неруҳои ин режим боздошт шуд.

Додгоҳи низомии режими саҳюнистӣ ҳукми ҳашт моҳ ҳабсро барои ин навҷавони фаластинӣ содир карда буд.

Аҳед Тамимӣ пас аз ҳашт моҳ ҳабс дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ҳудуди ду моҳ пеш аз зиндон озод шуд.