Асабонияти мақомоти саҳюнист аз бошгоҳи Реали Мадрид
Октябр 01, 2018 12:51 Asia/Dushanbe
Мақомоти режими саҳюнистӣ бошгоҳи Реали Мадриди Испанияро ба далели эҳдои пироҳани ин бошгоҳ ба Аҳед Аттамимӣ навҷавони муборизи фаластинӣ ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам карданд.
Ба нақл аз Спутник, бошгоҳи Реъали мадрид рӯзи шанбе аксҳои Аҳед Аттамимиро дар ҳоли дарёфти пироҳани ин бошгоҳ мунташир кард.
Истиқболи бошгоҳи Реали Мадрид аз Аҳед Аттамимӣ дар варзишгоҳи Сантияго Бирнабео боиси хашми мақомоти саҳюнист шуда ва сухангӯи Вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ ин иқдомро "шармовар" хондааст.
Аҳед Аттамимӣ навҷавони 17 солаи фаластинӣ аст, ки пас аз задани силӣ (чапотӣ) ба сарбози режими саҳюнистӣ 8 моҳро дар зиндони ин режим ба сар бурд.