Асабонияти мақомоти саҳюнист аз бошгоҳи Реали Мадрид
(last modified Mon, 01 Oct 2018 07:51:47 GMT )
Октябр 01, 2018 12:51 Asia/Dushanbe
  • Асабонияти мақомоти саҳюнист аз бошгоҳи Реали Мадрид

Мақомоти режими саҳюнистӣ бошгоҳи Реали Мадриди Испанияро ба далели эҳдои пироҳани ин бошгоҳ ба Аҳед Аттамимӣ навҷавони муборизи фаластинӣ ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам карданд.

Ба нақл аз Спутник, бошгоҳи Реъали мадрид рӯзи шанбе аксҳои Аҳед Аттамимиро дар ҳоли дарёфти пироҳани ин бошгоҳ мунташир кард.

Истиқболи бошгоҳи Реали Мадрид аз Аҳед Аттамимӣ дар варзишгоҳи Сантияго Бирнабео  боиси хашми мақомоти саҳюнист шуда ва сухангӯи Вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ ин иқдомро "шармовар" хондааст.

Аҳед Аттамимӣ навҷавони 17 солаи фаластинӣ аст, ки пас аз задани силӣ (чапотӣ) ба сарбози режими саҳюнистӣ 8 моҳро дар зиндони ин режим ба сар бурд.