Тарҳи давлати Русия барои ҳазфи доллар аз муомилоти хориҷӣ
Октябр 03, 2018 18:16 Asia/Dushanbe
Давлати Русия тарҳеро барои канор гузоштани доллари Амрико аз низоми пардохтҳо ва муомилоти хориҷӣ баррасӣ мекунад.
Ин тарҳ бар асоси барномаҳои Андрей Костин, раиси Внешторгбанк ироа шудааст.
Ҳадаф аз иҷрои ин тарҳи ҷадиди давлати Русия, эҷоди шароити муносиб барои фаъолони бахши тиҷорӣ аст, то онон битавонанд пардохтҳои худро бо ҳар арзи дигаре анҷом диҳанд.