Октябр 07, 2018 17:23 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи ҳамсари нахуствазири режими саҳюнистӣ, ба иттиҳоми фасоди молӣ

Аввалин ҷаласаи муҳокимаи Сара Нетаняҳу, ҳамсари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар иртибот бо парвандаи фасоди молӣ имрӯз дар Қудси ишғолӣ баргузор мешавад.  

Харҷ кардани беш аз 80 ҳазор евро аз ҷайби молиётдиҳандагон, ҷиҳати хариди ғизо аз расторанҳо, ба рағми вуҷуди ошпаз дар маҳалли иқомати расмии нахуствазир, яке аз мавориди иттиҳомии Сара Нетаняҳу аст.

Сара Нетаняҳу, ки ба зудӣ 60 сола мешавад, ба иллати тақаллуб ва сӯиистифода аз эътимод муҳокима мешавад.

 

Барчасп