Октябр 10, 2018 11:40 Asia/Dushanbe
  •  Поёни севумин иҷлоси Маҷолиси АвруОсиё дар Туркия

Севумин иҷлоси Маҷолиси кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё сешанбешаб дар шаҳри Анатолияи Туркия бо интишори баёнияе поён ёфт.

Ба гузориши ИРНА, дар баёнияи поёнии ин иҷлос, ки дар 17 банд танзим шуда, бар ҳамкории байни маҷолиси кишварҳои узв дар заминаи ҳифозат аз муҳити зист, тавсеаи пойдор ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид шудааст.

Ҳамчунин муқаррар шуд, чаҳорумин иҷлоси Маҷолиси кишварҳои узви иттиҳоди АвруОсиё дар шаҳри остона - пойтахти кишвари Қазоқистон баргузор шавад.

Севумин иҷлоси байналмаҷолиси кишварҳои АвруОсиё рӯзҳои душанбе ва сешанбе бо ҳузури раисони маҷлиси 20 кишвар ва ҳайатҳои парлумонӣ аз 17 кишвари осиёӣ ва аврупоӣ дар Анталия баргузор шуд.

Раисони парлумонҳои кишварҳои Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Туркия, Таиланд, Шриланка, Словакия, Сербистон, Арабистони Саудӣ, Русия, Қатар, Флиппин, Покистон, Муғулистон, Литва, Лаос, Кувайт, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Урдун, Ҷопон, Ироқ, Индонезия, Венгрия, Чин, Камбоҷа, Булғория, Бруней, Босни ва Ҳерзеговина, Беларус, Баҳрайн, ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон ва Ветнам дар ин иҷлос ҳузур доштанд.

Давраи аввал ва дувуми иҷлоси Маҷолиси кишварҳои узви иттиҳоди АвруОсиё ба тартиб дар Кореяи Ҷанубӣ ва Русия баргузор шуд.