Тасмими Афғонистон ба таваққуфи транзити колоҳои покистонӣ ба Осиёи Марказӣ
Муовини сухангӯи раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ин кишвар тасмим дорад аз транзити колоҳои бозаргонони покистонӣ аз хоки Афғонистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ кунад.
Ба гузориши рӯзи шанбеи радиои паштуи бурунмарзӣ, Шоҳҳусайн Муртазавӣ иллати ин тасмими давлати Кобулро вокуниш ба ҷилавгирии Покистон аз убури колоҳои тоҷирони Афғонистон аз марзи Вога ба Ҳинд донист.
Бар асоси ин гузориш, Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон пештар дар дидор бо Овен Ҷенкинз, намояндаи вижаи Англия дар умури Покистон ва Афғонистон, аз ҳамкорӣ накардани Исломобод дар заминаи субот ва рушди иқтисодии ин кишвар ба шиддат интиқод кард.
Ашрафғанӣ таъкид кард, коршиканиҳои Покистон дар раванди бахши содироти Афғонистон ба Ҳинд боис шудааст бозаргонони афғон дар солҳои ахир миллионҳо доллар зиён бубинанд.