Октябр 12, 2018 18:32 Asia/Dushanbe
  • Раиси кумитаи равобити хориҷии сенои Амрико: Арабистон Хошуқҷиро ба қатл расондааст

Раиси кумитаи равобити хориҷии маҷлиси сенои Амрико рӯзи панҷшанбе гуфт: Бидуни шак Арабистон, Ҷамол Хошуқҷӣ нависанда ва рӯзноманигори мунтақиди режими Саудиро ба қатл расондааст.

Сенатор Боб Коркер дар гуфтугӯ бо «CNN» хотирнишон кард, асноди иттилоотӣ аз нақши мустақими Арабистон дар қатли ин рӯзноманигор ҳикоят доранд.

Созмони Афви байналмилал дар вокуниш ба ахбори қатли Хошуқҷӣ дар баёнияе эълом кард, қатли Ҷамол Хошуқҷӣ ба ин маънии аст, ки мунтақидон ҳатто дар хориҷ аз Арабистон низ амнияти ҷонӣ надоранд.

Ҷамол Хошуқҷӣ дувуми октябр, пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия нопадид шуд. Расонаҳо чанд рӯз баъд гузориш доданд, ки ҷасади Хошуқҷӣ бо осори фаровони шиканҷа дар Истамбул пайдо шудааст.

Номи Хошуқҷӣ дар феҳристи афроди боздоштӣ ва таҳти таъқиби режими Оли Сауд қарор дошт ва вай аз бими боздошт шудан, дар хориҷ аз Арабистон зиндагӣ мекард.