Октябр 13, 2018 14:59 Asia/Dushanbe
  • Дастрасии ҳакерҳо ба иттилооти шахсии 29 миллион корбари Фейсбук

Фейсбук рӯзи ҷумъа эълом кард, заъфҳои амниятии ин расонаи иҷтимоӣ муҷиб шуда, ҳакерҳо ба додаҳои 29 миллион ҳисоби корбарӣ даст пайдо кунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ширкати Фейсбук рӯзи ҷумъа эълом кард, дар пайи нуқси амниятии ин ширкат, ки ду ҳафта пеш ифшо шуд, ҳакерҳо тавонистаанд ба иттилооти 29 миллион ҳисоби корбарӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Иттилоот дуздидашуда, шомили мавориде монанди ном, адреси эмайл, шумораи телефон ва бархе иттилооти шахсии корбарон будааст.

Гай Росен, аз муовинони мудири Фейсбук дар вебблокаш ҷузъиёте аз дастрасии ҳакерҳо ба иттилооти корбарон мунташир кард ва навишт, ҳамлакунандагон аз 15 миллион корбари Фейсбук ба ду маҷмӯаи иттилоот дастрасӣ пайдо карданд, ки шомили номи онҳо ва ҷузъиёти ҳисоби корбариашон, монанди шумораи телефон, эмайл ё ҳар дуи онҳо будааст.

Вай изофа кард, барои 14 миллион нафари дигар аз корбарон ҳам ҳакерҳо илова бар ин ду маҷмӯаи иттилоот, ҷузъиёти дигареро аз профили онҳо бардошт кардаанд.