Мухолифати сенаторҳои амрикоӣ бо фурӯши силоҳ ба Арабистон
(last modified Wed, 17 Oct 2018 08:49:25 GMT )
Октябр 17, 2018 13:49 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати сенаторҳои амрикоӣ бо фурӯши силоҳ ба Арабистон

Сенаторҳои амрикоӣ эълом карданд, дар шароити кунунӣ ба қонуни фурӯши аслиҳа ба Арабистон раъй нахоҳанд дод.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алҷазира”, Даян Файнстайн, сенатори ҷумҳурихоҳи иёлати Калифорния рӯзи сешанбе гуфт, дар ин муддат ба ҳеҷ тарҳе, ки барои фурӯши силоҳ ба Арабистони Саудӣ бошад, раъй нахоҳад дод ва аз кумаки низомии Амрико ба Арабистон дар ҷанги Яман ҳам ҳимоят намекунад.

Файнстайн афзуд, ҷаҳон бо нобоварӣ ба гузоришҳое нигоҳ мекунад, ки дар хусуси қатл ва пора шудани Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигор ва мунтақиди Арабистони Саудӣ мунташир шудааст.

Марко Рубио ва Ҷек Флейк, сенаторҳои ҷумҳурихоҳи иёлатҳои Флорида ва Арезона ва аз аъзои муассири кумитаҳои равобити хориҷа ва умури қазоии санои Амрико низ мухолифатҳои худро бо фурӯши аслиҳа ба Арабистон эълом карданд.

Линдси Греҳам, сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико дар изҳороте тунд Муҳаммад бин Салмонро омили қатли Хошуқҷи донист ва хоҳони барканории валиаҳди Саудӣ шуд.

Бо гузашти ду ҳафта аз нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷи, шумори ҳомиёни фурӯши таслиҳот ба Арабистон дар санои Амрико резиши қобили таваҷҷуҳе доштааст.

Интиқодоти ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ ба нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷи дар ҳоле аст, ки давлати Амрико то кунун аз маҳкумияти Риёз худдорӣ ва талош карда то аз қарордодҳои низомии ҳангуфти худ бо Риёз ҳимоят кунад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар нахустин сафари хориҷии худ ба Арабистони Саудӣ, қарордоди низомӣ ва таслиҳотӣ ба арзиши 110 миллиард доллар бо мақомҳои ин кишвар имзо карда буд.

Хошуқҷи 2 –юми октябр, пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия нопадид шуд.

Расонаҳо чанд рӯз баъд гузориш доданд, Хошқҷи дар дохили консулгарии Арабистон ба қатл расида ва ҷасадаш ба хориҷ аз консулгарӣ мунтақил шудааст.