Октябр 18, 2018 17:16 Asia/Dushanbe
  • Машваратҳои Ашраф Ғанӣ барои таъйини гурӯҳи музокиракунанда бо Толибон

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон эълом кард, раисиҷумҳури ин кишвар барои таъйини гурӯҳи музокиракунандаи давлат бо Толибон бо шуморе аз раҳбарони сиёсӣ ва ҷиҳодии ин кишвар ройзанӣ(машварат) мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Муҳаммадакрам Хапилвок, раиси дабирхонаи Шӯрои сулҳи Афғонистон гуфт, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ талош мекунад гурӯҳеро таъйин кунад, то битавонад манофеи давлат ва мардуми Афғонистонро дар музокира бо гурӯҳи Толибон таъмин кунад.

Карим Халилӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон низ Афғонистонро молики аслии раванди сулҳ донист ва ибрози умедворӣ кард, тамосҳои дигар кишварҳо бо Толибон заминасози музокироти мустақим барои давлати Афғонистон шавад.

Русия низ талош дорад, то аз тариқи нишасти сулҳи Маскав заминаи музокироти мустақим байни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибонро фароҳам кунад.

Талошҳои давлати Афғонистон барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон дар як соли ахир афзоиш ёфтааст ва Ашраф Ғанӣ дар муносибатҳои мухталифе ин гурӯҳро ба музокироти бидуни қайду шарт даъват кардааст.

Бисёре аз мақомоти афғон, аз ҷумла аъзои Шӯрои олии сулҳ таъкид кардаанд, ки ҳозиранд ҳатто дар бораи масоили аслӣ дар раванди сулҳ, монанди хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз ин кишвар ва ислоҳи Қонуни асосӣ бо Толибон баҳс кунанд.