Нигаронии Лавров аз интиқоли аъзои ДИИШ ба Ироқ ва Афғонистон
(last modified Thu, 18 Oct 2018 14:55:25 GMT )
Октябр 18, 2018 19:55 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Лавров аз интиқоли аъзои ДИИШ ба Ироқ ва Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Русия аз шавоҳиде сӯҳбат карда, ки нишон медиҳад, Амрико дар ҳоли интиқоли террористҳои ДИИШ ба Ироқ ва Афғонистон аст.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе таъкид кард, тибқи иттилооте, ки дар ихтиёри Русия қарор гирифта, Амрико дар ҳоли интиқоли террористҳои ДИИШ ба Ироқ ва Афғонистон аст.

Лавров дар мусоҳиба бо шабакаи фаронсави забони “Russia Today french”, ки бо ҳузури намояндагони рӯзномаҳои “Paris Match” ва “Фигаро”анҷом шуд, гуфт: «дар ҳоли ҳозир гурӯҳи террористии ДИИШ бисёр кӯчак шудааст. Ҳамонтур, ки қаблан низ гуфта будам террористҳо дар урдугоҳи Ал Таниф, ки ба сурати ғайриқонунӣ аз ҷониби Амрико шакл гирифт низ ҳузур доранд. Бар асоси иттилооти мо, амрикоиҳо террористҳоро ба Ироқ ва Афғонистон мунтақил мекунанд».

Вай идома дод: «Амрикоиҳо ба таври хосс дар Ал Таниф саъй доранд, то ба сурати комилан ғайриқонунӣ якшаба давлат шакл диҳанд, то шароити зиндагии матлубро барои омилони худ дар ин минтақа фароҳам кунанд.»

Вазири умури хориҷаи Русия ҳамчунин зимни интиқод аз шабоҳати мавзеи Фаронса ба Амрико дар қазияи Сурия, гуфт: «давлати Фаронса дар талош аст то ба ҳар қиммате, ки шуда режими Сурияро тағйир диҳад, аммо ин мавзеъ, аслан бо қатъномаи 2254 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамхонӣ надорад чаро, ки бар асоси ин қатънома танҳо мардуми Сурия ҳастанд, ки метавонанд дар бораи сарнавишти кишварашон ва худашон тасмим бигиранд».