Дархости 40 қонунгузори амрикоӣ барои таҳрими шадиди Арабистони Саудӣ
Дар пайи ифшои ҷузъиёти бештаре аз ҷинояти қатли Ҷамол Хошуқҷӣ беш аз 40 нафар аз аъзои маҷлиси намояндагони Амрико аз раиси ҷумҳурии ин кишвар хостанд, ки Арабистони Саудиро таҳрим кунад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Луед Доггет узви маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи панҷшанбе дар сафҳаи Твиттери худ номаеро, ки беш аз 40 намоянда онро имзо карданд, мунташир кард.
Дар ин нома таъкид шудааст, ки давлати Арабистони Саудӣ дар террори Хошуқҷӣ даст доштааст ва ин кишвар бояд дар чорчуби қонуни Магнитский таҳрим шавад.
Тибқи қонуни Магнитский, агар мақомот ва ё масъулони давлатии ҳар кишваре муртакиби иқдомоте, аз ҷумла эъдомҳои ғайриқонунӣ, шиканҷа ё нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар шаванд, аз сӯи давлати Амрико таҳрим мешаванд.
Дар матни ин нома омадааст: Шавоҳиди зиёде ба даст омадааст, ки нишон медиҳад, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ мустақиман дар қатл ва нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ даст доштааст.
Дар идомаи ин нома хитоб ба Трамп омадааст: Мо аз изҳороти ахири шумо, ки тибқи он пулро муҳиммтар аз адолат ва дигар арзишҳои амрикоӣ қаламдод кардаед, ба шиддат нигарон ҳастем.
Трамп ахиран гуфта буд, ки ба хотири масъалаи Хошуқҷӣ равобитамонро бо Арабистон хароб намекунем, зеро ин кишвар харидори аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ ва муттаҳиди мо дар тақобул бо Эрон маҳсуб мешавад.
Аъзои маҷлиси намояндагон аз кунгура хостанд, ки то 120 рӯзи дигар ва ё зудтар аз он, тасмимоти муносиберо дар ин хусус бигиранд.